Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар самти муросилоти почта тақвият медиҳанд

Май 17, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик»-и Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Кыргыз почтасы»-и Қирғизистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин Ёддошти ҳамкорӣ дар доираи Форуми роҳбарони почтаҳои давлатҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти унвони «Уфуқҳои нав: Рушди тиҷорати электронӣ, инноватсия ва занҷирҳои таъминот барои ноил шудан ба муваффақият дар оянда» дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд, ба имзо расид.

Иброз гардид, ки ин санад ба таҳкими шарикӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва такмил додани ҳалли логистикӣ байни давлатҳо нигаронида шудааст. Ёддошти ҳамкорӣ ба ҷонибҳо имкон медиҳад, ки хизматрасонии муосир, мувофиқ ва боэътимод ба вуҷуд оранд.

Муосиргардонии фаъолияти «Почтаи тоҷик» яке аз афзалияти фаъолияти соҳаи алоқаи Тоҷикистон эътироф гардидааст. Рақамикунонии соҳаи муросилоти почта, вусъати фаъолияти маркетплейсҳо (пешниҳоди онлайнии мавод), тиҷорати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ, инчунин рушди ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби ширкатҳои бонуфузи дар ин соҳа фаъолияткунанда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи тадбирҳое мебошад, ки давра ба давра амалӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 13 то 15 май дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Форуми роҳбарони почтаҳои давлатҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Уфуқҳои нав: Рушди тиҷорати электронӣ, инноватсия ва занҷирҳои таъминот барои ноил шудан ба муваффақият дар оянда» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Форум бо мақсади ташкили платформаи стратегии минтақавӣ барои муҳокимаҳо, муқоиса, табодули дониш ва инноватсия баргузор шуда, дар он табдили бахши почта дар посух ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 17, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд