ТОБИСТОН ФАРО МЕРАСАД. Имсол Тоҷикистонро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Май 31, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи аввали фасли тобистон — июн дар Тоҷикистон ҳарорати миёнаи ҳаво аз 1 то 2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ карда мешавад. Ҳавои ин моҳ ба ҳавои соли 2021 монандӣ дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд.

Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз 1 то 2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ карда мешавад. Дар водиҳо то 32 гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 25 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.  Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 42 дараҷа ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат бо шиддати гуногун борида, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Дар водиҳои вилояти Суғд ҳаво то 29 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ  то 18 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 25 то 40 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 30 дараҷа  гармӣ дар назар дошта шудааст. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат бо шиддати гуногун борида, ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 метр дар як сония мевазад.

Моҳи июн дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 17+22 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво пешгӯӣ шуда, аз 17 то 32 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво баланд шуда, то 36 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, ҳаво то 10 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид