Толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-ро роҳбаладон бо 8 забон шарҳ медиҳанд
ДУШАНБЕ, 15.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои қабул намудани меҳмонону иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо пурра омода гардидааст. Аз ҷумла, муҳтавои толори экспозитсионии «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби роҳбаладон ба меҳмонони хориҷӣ бо 8 забон шарҳ дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори экспозитсионии «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» созмон дода шуд, ки он бо шаклу услуби замонавӣ ва мутобиқ ба талаботи осорхонавӣ бунёд гардидааст. Дар он калонтарин пиряхи ҷаҳон Ванҷях (собиқ Федченко) ва қитъаи шашуми олам Антарктида ба шакли барҷаста инъикос ёфтаанд.
Ҳамзамон дар толор таҷҳизоти соҳаи пиряхшиносӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои 2008-2009 дар қитъаи Антарктида барафрохта шуда буд, пешкаши тамошобинон гардонида шудаанд. Ҷолибияти дигари толор он аст, ки ҳангоми ворид шудан ба он садои сунъии шамоли сарди пиряхҳо ва шикастани онҳо ба гӯш мерасад ва тамошобинон худро лаҳзае дар муҳити пиряхҳо эҳсос менамоянд.
Зимни тамошои толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ҳар тамошобин бо манбаъҳои обӣ ва пиряхҳо шинос мегардад.
Мақсади асосии таъсиси ин толор ҷонибдорӣ аз иқдоми байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дар ин замина рушди сайёҳии дохилӣ ба ҳисоб меравад.
Хотиррасон менамоем, ки 29-31 майи соли равон пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар ҳошияи Раванди оби Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад.
Интизор меравад, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок намоянд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар пойтахти мамлакат гузаронида шуда, дар ҳошияи он баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ ҷой гирифта, истеҳсолкунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳо солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд. Обшавии онҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин масъаларо бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз таъсир ва оқибатҳои ногувори он ба сайёраи Замин огоҳ менамоянд.
Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ», ки 4-5 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, бо таъкиди ин масъала иброз намуданд, ки «обшавии пиряхҳо тамоюли хеле ташвишовар аст, зеро пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд».
Тоҷикистон ҳамчун аъзои ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва пешгирии обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад.
Дар баробари ин, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намуд.
АКС аз бойгонии Осорхонаи миллии Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тақрибан 150 волонтёр барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷалб шудаанд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Шабакаи «Abu Dhabi TV» ҳадафҳои Конфронси байналмилалии обро шарҳ дод
Дар Нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Миср нақши Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои ҷаҳонии об баррасӣ гардид
Беш аз 300 хабарнигори ватанӣ ва хориҷӣ Конфронси оби Душанбе-2026-ро инъикос менамоянд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар Абузабӣ Конфронси оби Душанбе ҳамчун минбари муҳими муколамаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардидааст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар дафтари СММ дар Арабистони Саудӣ оид ба Конфронси Душанбе чорабинӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми Душанбе се санади муҳими ҷамъбастӣ қабул карда мешаванд






