Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба ду иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Ҳисор расонида шуд

Май 7, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 07.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 май- дар остонаи 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ  Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба дидорбинӣ ва табрики иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисор Раҷаб Усмонов ва аз деҳаи Шоҳамбарии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ  Карим Рашид рафтанд. Онҳо туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба андозаи 50 000 сомонӣ ба ҳар як иштирокчӣ ва 10 000 сомонӣ туҳфаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро тақдим намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Раиси шаҳри Ҳисор  ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳониро бо иди Ғалаба самимона табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва рӯзгори орому осуда таманно намуданд.

Иштирокчиёни ҷанг аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат изҳори хушнудӣ намуда, бо дуову дуруд дар сиёсати созандаю ободкорона ва фаъолияти пурмасъули давлатии Сарвари давлат барор ва барои Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.

Аз ҷониби хонандагони Мактаби президентӣ барои бачагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор ва муассисаи хусусии таҳсилотии «Нури Ирфон» дар ҳавлии собиқадорони ҷанг суруду оҳангҳои машҳури ватандӯстона иҷро гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Май 7, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд