Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд

Май 10, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар кадоме ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ — сокинони деҳаҳои Гулобод ва Навободи ноҳияи Деваштич Бибола Рӯзиматов ва Нозим Носиров тақдим намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Гуфта шуд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои ҷоннисоронаи иштирокчиёни ҷангро ҳамеша қадр мекунад ва корномаҳои ҷангии онҳоро ҳамчун мактаби бузурги ҷасоратмандиву далерӣ ба насли имрӯзу ояндагон ба мерос мегузорад.

Ҳар ду қаҳрамон барои рушду пешрафт ва сулҳу суботи Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти дуо бардоштанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 10, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!