Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд

Май 7, 2025 14:18

ДУШАНБЕ, 07.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 50 000 сомонӣ ба ҳар кадом иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлон супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба   иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ медали «80-солагии Ғалаба» тақдим гардид.

Ҳамчунин ба ҳар як иштирокчӣ туҳфаи Раиси вилояти Хатлон- 10 000 сомонигӣ ва кумакҳои пулии раисони шаҳру ноҳия ва дигар сохторҳо низ тақдим карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар айни замон дар вилояти Хатлон 8 иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ умр ба сар мебарад. Аз ҳама калонсолтарини онҳо Файзалии Сафаралӣ аст, ки дар шаҳри Бохтар истиқомат дошта, 102-сола мебошад.

Зайнулло Алиеви 100-сола низ дар шаҳри Бохтар умр ба сар мебарад. Ҳамзамон Гулмурод Тағоеви 101-сола дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Розиқ Қосимови 99-сола дар ноҳияи Вахш, Машраб Давлатови 99-сола дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳабиб Сафарови 99-сола дар ноҳияи Ҷайҳун, Мирзо Ғаффорови 99-сола дар ноҳияи Хуросон ва Яҳё Мирзоеви 99-сола дар ноҳияи Ховалинг зиндагӣ доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 7, 2025 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд