Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Конфронси Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои СҲИ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия иҷлосияи 19-уми Конфронси Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар иҷлосия муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Дилноза Аҳмадзода ва муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Тоҳир Набизода иштирок намуданд.
Дар ҳошияи иҷлосия вохӯрии аъзои кумитаҳои Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, тамаддун ва дин, иқтисод ва ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои сиёсӣ ва байналмилалӣ, ҳуқуқи инсон, занон ва оила баргузор гардид. Ҳамзамон мулоқоти корӣ байни давлатҳои Осиё ва Африқо оид ба ҳамкорӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷаҳонишавӣ ва саҳми мақоми намояндагӣ ва қонунгузории кишварҳои ҷаҳон ташкил шуд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори он иштирок карда, доир ба таҷрибаи амалии қонунгузории мамлакат табодули назар намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






