Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Конфронси Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои СҲИ иштирок намуданд

Май 15, 2025 16:07

ДУШАНБЕ, 15.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия иҷлосияи 19-уми Конфронси Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор  гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар иҷлосия муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон   Дилноза Аҳмадзода ва муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Тоҳир Набизода иштирок намуданд.

Дар   ҳошияи иҷлосия вохӯрии аъзои кумитаҳои Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, тамаддун ва дин, иқтисод ва ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои сиёсӣ ва байналмилалӣ, ҳуқуқи инсон, занон ва оила баргузор гардид. Ҳамзамон мулоқоти корӣ байни давлатҳои Осиё ва Африқо оид ба ҳамкорӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷаҳонишавӣ ва саҳми мақоми намояндагӣ ва қонунгузории кишварҳои ҷаҳон ташкил шуд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори он иштирок карда, доир ба таҷрибаи амалии қонунгузории мамлакат табодули назар намуданд.

 АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2025 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд