Вазири саноати Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои пешрафтаи байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ҳайатҳои ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ – «Presight»- Аморати Муттаҳидаи Араб (сармояаш 3,7 миллиард доллар, ки ба гурӯҳи G42 дохил аст ) ва «Scale AI»-и Амрико (сармояаш 25 миллиард доллар) мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Сафари ҳайатро Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудааст. Дар мулоқот аз ҷониби «Presight» Директори тиҷорати ҷаҳонии ширкати «Presight» Муҳаммад Муадад Султон Носир Ал-Мҳейрӣ, директори генералии «SK-Presight» Максат Кошумбоев ва аз ширкати зеҳни сунъии «Scale AI» ноиби Президент оид ба шарикии байналмилалӣ Брук Артур, Директори техникӣ оид ба лоиҳаҳои ҳукуматӣ Мэттю Спал иштирок намуданд.
Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оғози озмоишии лоиҳаи «Presight оид ба алгоритмҳои биниши компютерӣ дар доираи лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» дар шаҳри Душанбе, ҷойгиркунии намояндагиҳои минтақавии ҳарду ширкат дар минтақаи ояндаи Area AI — аввалин парки технологӣ дар минтақа бо иттилооти инноватсионии худтанзимшаванда, таъсиси кластери GPU ва маркази миллии додаҳои абрӣ дар асоси энергияи «сабз», ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешрафтаи итттилооти инноватсионии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба омода намудани мутахассисон, омӯзиш, ҳамкории таҳқиқотӣ ва ҳалли маҳаллисозии иттилотию инноватсионии ин ширкатҳи байналмилалӣ зоҳир карда шуд.
Шералӣ Кабир омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории стратегӣ бо раҳбарони фанновариҳои ҷаҳонӣ изҳор дошта, таъкид намуд, ки зеҳни сунъӣ дар заминаи рушди устувори иқтисодии мамлакат авлавият дорад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои омода кардани ёддоштҳои ҳамкорӣ ва ба роҳ мондани ташаббусҳои муштарак то охири соли 2025 тадбирҳоро муайян намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид






