Юсуф Маҷидӣ: «Ҷалби маблағ барои ҳифзи пиряхҳо омили асосии рушди устувори иқтисодиёт аст»
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷалби маблағҳои устувор дар самти фаъолият ва лоиҳаҳо на танҳо ба ҳифзи пиряхҳо имкон медиҳад, балки устувории иқтисодиётро тавассути идоракунии оқибатҳои коҳишёбии пиряхҳо баланд мебардорад. Чунин иброз дошт муовини якуми Вазири молияи Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ имрӯз дар конфронсе, ки дар мавзуи «Кушодани ҷараёнҳои устувори маблағгузорӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва устувории иқтисодӣ дар Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳамоиш дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир гардид. Дар он иброз шуд, ки ҷалби маблағ барои ҳифзи пиряхҳо омили асосии рушди устувори иқтисодиёт буда, ба таъсири афзояндаи тағйирёбии иқлим осебпазир аст.
Муовини якуми Вазири молияи Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ иброз дошт, ки тағйирёбии ҳарорат ва обшавии босуръати пиряхҳо тағйирёбии ҷараёни дарёҳоро зиёд намуда, боиси хушксолии тӯлонӣ, шиддат гирифтани офатҳои табиӣ ва баланд бардоштани талабот ба захираи об ва кори обанборҳо мегардад.
Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ чорабиниҳои муштаракро оид ба ҷалби ҷонибҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ баргузор карда, ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устуворро вобаста ба энергетика, амнияти озуқаворӣ, камбизоатӣ ва нақлиёти устувор таъмин менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Он имконияти хуб барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад






