Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд

Июнь 20, 2025 14:45

ДУШАНБЕ, 20.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Корҳои сохтмону навсозӣ барои татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе,  аз 19 апрели соли 2023 оғоз гардидааст. Дарозии роҳи мошингард 560 метр, паҳноӣ 16 метр бо теъдоди хатти ҳаракат 4 адад дар ду самтро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки дар татбиқи лоиҳаи ин иншоот корҳои сохтмону васлкунии хатҳои муҳандисӣ, аз қабили қубурҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, ноқилҳои баландшиддати барқӣ, қубурҳои оби гарм, хатҳои алоқа, равшании беруна пурра амалӣ гардидааст.

Инчунин, барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон ҳангоми иҷрои корҳои сохтмону навсозӣ, чароғакҳои роҳнамо ва васли аломатҳои бехатарии ҳаракат низ пурра васлу насб грдидаанд.

Моҳияти асосии роҳи  мошингарди   мазкур дар он мебошад, ки баъди пурра ба истифода супоридани он, тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои ҳамшафат кам гардида, ҳамчун роҳи  мошингарди алтернативӣ низ хизмат мерасонад.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Июнь 20, 2025 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад