Рустами Эмомалӣ бо Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо намояндаи аршади оилаи ҳокими Амороти Абу Забӣ Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олимақомро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе хуш омадед гуфта, иброз намуданд, ки рушду таҳкими ҳамкории судманд бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад ва натиҷаҳои музокироти имрӯза дар таърихи муносибатҳои дуҷониба боз як саҳифаи наву пурмазмунро боз хоҳад кард.
Дар мулоқот ҳамчунин тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, сохтмону сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инноватсия, иқтисоди сабз ва дигар бахшҳои воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд






