Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Академияи таърихи Чин робитаҳои илмӣ ва фарҳангиро густариш медиҳанд

Июнь 1, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Академияи таърихи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии ноиби президенти академия Ли Госян ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад, меҳмонон бо фаъолияти Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат, Парки технологӣ ва синфхонаҳои таълимии академия шинос шуданд.

Зимни мулоқоти роҳбарияти академия бо ҳайати меҳмонон масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкории мутақобил мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо аҳамияти рушди лоиҳаҳои муштараки илмӣ, мубодилаи дониш ва таҷриба, ташкили ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои устувори илмӣ ва фарҳангиро таъкид намуданд.

Иброз гардид, ки муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Чин, ки бар пояи эҳтироми мутақобил ва арзишҳои умумии тамаддунӣ асос ёфтаанд, метавонанд ба сатҳи нави ҳамгироии илмӣ ва таҳқиқотӣ бардошта шаванд. Ҷонибҳо саҳми арзишманди халқи тоҷикро дар рушди илму маърифат ва эҳёи Роҳи бузурги Абрешим таъкид намуда, густариши бештари равобити стратегиро баён доштанд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 1, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд