АЗ ФАЙЗИ ВАҲДАТ. Дар Бадахшон беш аз 200 маркази инкишофи барвақтии кӯдак фаъолият дорад

Июнь 16, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 16.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 28 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 1 кӯдакистони хусусӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 2302 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин муассисаҳо ба тарбияи кӯдакон 28 нафар мудирони кӯдакистон, 164 нафар мураббиён ва 114 нафар дояҳо машғуланд. Дар айни замон, дар ҳудуди вилоят 206 адад маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 3810 тарбиягиранда фаъолият менамоянд. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ 6112 нафар буда, 30,5 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд таъкид намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо назардошти он ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳилаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, Ҳукумати мамлакат ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» қабул гардидааст, ки тибқи он заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.

Зинаи томактабӣ ё омӯзиши барвақтии кӯдак барои гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад.

Бояд иброз намуд, ки марказҳои инкишофи кӯдак бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва завқи донишандӯзии кӯдакон, дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ тарбия намудани онҳо ва баланд бардоштани малакаю маҳорати эҷодии кӯдакону наврасон таъсис дода шудаанд.

Тавре равоншиносон иброз медоранд, масъулияти тарбияи дурусти фарзандон, албатта, бар дӯши падару модар аст. Аммо, дер ё зуд лаҳзае фаро мерасад, ки кӯдак бояд мустақилона ба мактаб ё дигар муассисаҳо равад. Маркази инкишофи кӯдак метавонад кӯдакро ба таҳсил бе волидон омода созад. Дар чунин муассисаҳо омӯзгорони касбӣ кор мекунанд, ки онҳо метавонанд раванди таълимро барои ҳар кӯдак шавқовар ва ҷолиб гардонанд. Илова бар ин, омӯзгорон пайваста самтҳо ва барномаҳои нави рушди кӯдаконро назорат менамоянд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки танҳо маслиҳатҳои амалӣ ва муассирро истифода баранд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бисёрсолаи равоншиносӣ исбот сохтааст, ки кӯдакони дар боғча ва маркази инкишофи кӯдак тарбияёфта аз кӯдакони дар хона тарбиягирифта ба куллӣ фарқ менамоянд. Дар онҳо маҳорату малакаи суханронӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон, фаъолияти хоси фикрӣ, ахлоқӣ ва зебоипарастӣ баръало эҳсос мегардад. Ин ҳама меҳнати омӯзгорони зинаи аввали таълимро осон ва сифати таълиму тарбияро баланд мебардорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 16, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд