Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар боғи «Курӯши Кабир» чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар боғи «Курӯши Кабир» чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ таҳти унвони «Кӯдакон дунёи моянд!» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Дар оғози чорабинӣ ҳайати меҳмонон бо дастовардҳои кӯдакони муассисаҳои томактабӣ шинос шуда, дар суҳбат бо роҳбарон ва мураббияҳо аз дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таъмини шароити таълиму тарбияи баҳри кӯдакон ёдовар шуданд. Зимни суҳбат масъулин барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим дар кӯдакистонҳо ва дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихор аз ватандорӣ тарбия намудани хурдсолон таъкид гардид.
Муовини Раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода иброз намуд, ки «имрӯз дар сар то сари мамлакат бо шукргузорӣ аз ин Ватани амну осоишта Рӯзи байналмилалии кӯдакон истиқбол карда мешавад. Мову шумо бояд шукрона аз он намоем, ки фарзандонамон дар Меҳани соҳибистиқлол ва орому обод ба воя расида истодаанд. Ҳамаи ин пешравиҳо маҳз аз неъмату баракати сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад».
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як қатор ғолибони озмунҳои даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ бо «Диплом»-у «Сипоснома» ва ба кӯдакону наврасон туҳфаҳо иборат аз шириниҳо дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур











ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






