Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, пеш аз ҳама, ба таҳкими амният ва субот замина гузошт ва имкон дод, ки Тоҷикистон бо таҳдидҳои нав, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ мубориза барад ва амнияти марзу буми худро таъмин намояд. Чунин иброз гардид дар ҳамоише, ки дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз дошт, ки «Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, ки меъмори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, барои миллати тоҷик неъмати бузург аст. Маҳз дар партави сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат соҳаҳои иқтисоди мамлакат, аз ҷумла соҳаи геология ва кӯҳкорӣ рушд намуда, Тоҷикистон ба давлати ташаббускор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардид».
Иброз шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, бунёди роҳҳо ва нақбҳо, рушди соҳаи саноат ва кишоварзӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим дар ин самт мебошанд. Эълон гардидани саноатикунонии мамлакат-ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва панҷсолаи рушди саноат аз кормандони соҳаи геология талаб мекунад, ки ҳамаи имконияту неруро барои хубтару беҳтар иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузошта сарф намоянд.
«Дар ин давра даҳҳо конҳои нав таҳқиқу ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардид. Онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд»-изҳор шуд зимни ҳамоиш.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имрӯз ба марҳалаи рушди устувор ворид шудааст, аз рӯ бояд дар ақидаи ҷомеа андешаи сулҳу салоҳ, амнияту субот ва ваҳдати миллӣ бошад. Танҳо дар ҳамин сурат давлату миллати тоҷик соҳиби рӯзгори орому осуда мегардад ва шаҳрвандон метавонанд машғули меҳнати созанда бошанд.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид






