ЧЕМПИОНАТИ CAFA U-20. Рақибони дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20), ки аз 10 то 17 июн дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода баргузор мешавад, муайян гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, тибқи маросими қуръакашии мусобиқот, мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Афғонистон (10 июн) ва Қирғизистон (14 июн) бозӣ мекунад.
Дар гурӯҳи «В» тимҳои ҷавонони Эрон, Узбекистон ва Туркманистон рақобат менамоянд.
Бозиҳои мусобиқа дар ду варзишгоҳ – Варзишгоҳи марказии Ҳисор ва «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки асоси дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) аз бозигарони мунтахаби наврасони мамлакат (U-17) иборат аст, ки моҳи ноябр дар Ҷоми ҷаҳон-2025 иштирок менамояд.
АКС: Федератсияи футбол Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд






