Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон

27.06.2025, ноҳияи Шуғнон
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама, ба мардуми меҳмоннавози ноҳияи Шуғнон барои истиқболи самимона арзи сипос менамоям.
Ин лаҳзаҳо мо дар остонаи санаи муҳим – Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем.
Кулли сокинони ноҳия ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин ҷашн, ки рамзи сулҳу субот дар кишварамон, иттиҳоду сарҷамъии халқамон ва пояи асосии рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, табрик мегӯям.
Орзумандам, ки фазои орому осуда, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ дар ҳар гӯшаи Ватани азизамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.
Дар доираи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ имрӯз як қатор иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия, корхонаҳои бандубасти мева ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар деҳаи Пашор, пул ва роҳи мошингард дар деҳоти Сучон ифтитоҳ гардиданд.
Инчунин, бинои беморхонаи марказӣ, кӯдакистон барои 150 ҷой дар шаҳраки Ваҳдат ва якчанд муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия ва фабрикаи парандапарварӣ дар деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонов ба истифода дода шуданд.
Амалӣ гардидани чунин иқдомҳои созанда ба боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия, беҳтар шудани шароити зиндагӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон аз 226 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохтмону азнавсозии 190 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 111 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Саҳми арзандаи соҳибкорон ва мардуми шарафманди ноҳия дар раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ шоистаи таҳсину қадршиносӣ мебошад.
Бо итминон метавон гуфт, ки ноҳияи Шуғнон бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардуми шарафманди он ба таври назаррас рушд ёфта истодааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди ноҳия беш аз 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 670 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки зиёда аз 383 миллион сомонии он маблағҳои мақсаднок барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия мебошанд.
Илова бар ин, дар ҳудуди ноҳия 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 26 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.
Ҳоло боз 8 лоиҳаи дигар мавриди амал қарор дорад, ки дар доираи онҳо то ба имрӯз ба маблағи 236 миллион сомонӣ корҳо иҷро шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, дар ин муддат маблағгузорӣ танҳо дар соҳаи сохтмон беш аз 2,2 миллиард сомониро ташкил додааст.
Аз ҷумла дар соли 2024-ум сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 61 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба сӣ соли пеш, яъне соли 1996-ум 15 баробар зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо шаҳраки Ваҳдатро ҳамчун маркази ноҳияи Шуғнон дар як муддати кӯтоҳ аз сифр бунёд намудем ва ҳоло он ба як маркази муосири дорои инфрасохтори ҷавобгӯй ба талаботи замона табдил ёфтааст.
Бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони он роҳбарияти ноҳияро зарур аст, ки ташаббусҳои соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва аҳолиро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.
Корҳои ободониву бунёдкориро боз ҳам вусъат диҳанд ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ барои татбиқи барномаву нақшаҳои дар ин самт қабулшуда тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар созанд.
Ҳазирини гиромӣ!
Бо қаноатмандӣ метавон зикр кард, ки дар солҳои охир фаъолияти соҳибкорӣ дар ноҳияи Шуғнон рӯ ба густариш ниҳодааст ва нақши он дар пешбурди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ афзоиш ёфта истодааст.
Тибқи маълумот то 1-уми майи соли 2025 дар ҳудуди ноҳия 916 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз зиёд мебошад.
Ин нишондиҳанда гувоҳӣ медиҳад, ки муҳити соҳибкорӣ дар ноҳия тадриҷан беҳтар гардида, дастгириҳои давлатӣ ва ташаббусҳои аҳолӣ барои рушди бахши хусусӣ самараи хуб ба бор оварда истодаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон ва аҳолии ноҳия 384 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.
Аз ҷумла дар се соли охир аз ҷониби «Саноатсодиротбонк» маблағҳои қарзии додашуда дар ноҳия барои дастгирии соҳибкорӣ ва мусоидат ба рушди истеҳсолот 22 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар баробари ин, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзӣ 73 ва ба соҳибкорон 12 фоиз, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ 35 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ташвишовар мебошад.
Бо дарназардошти аҳамияти муҳим доштани соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки дастрасии соҳибкорон, бахусус, соҳибкорони истеҳсолӣ ва кишоварзонро ба захираҳои молиявӣ васеъ намоянд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар тӯли даҳ соли охир дар ноҳияи Шуғнон як қатор лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт амалӣ карда шудаанд.
Аз ҷумла дар деҳаи Барсеми ноҳия роҳи мошинагард ба масофаи 3,6 километр, долони зидди тарма ба масофаи 550 метр ва пули мошингузар ба дарозии 82 метр бо харҷи беш аз 240 миллион сомонӣ бунёду таҷдид гардида, имрӯз ба истифода дода шуд.
Инчунин, бо мақсади таъмири роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар ин давра аз ҳисоби буҷет зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Мусаллам аст, ки рушди инфрасохтори нақлиёт ба рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, тиҷорат, сайёҳӣ ва дар маҷмӯъ, ба беҳбудии сатҳи зиндагии сокинон мусоидат мекунад.
Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёти ноҳия аҳаммияти аввалиндараҷа дода, дигар лоиҳаҳои муҳимро дар ин самт амалӣ хоҳад кард.
Ҳамватанонои азиз!
Солҳои охир соҳаи саноат дар ноҳияи Шуғнон тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, дар ин самт нишондиҳандаҳои назаррас ба даст омада истодаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 6,6 миллион сомонии соли 1993 ба беш аз 61 миллион сомонӣ дар соли 2024 расонида шуда, 9 баробар зиёд гардидааст.
Дар 31 корхонаи саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар панҷ моҳи аввали соли 2025-ум 14 фоиз афзоиш ёфтааст.
Боиси қаноатмандиву таҳсин аст, ки дар як соли охир шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия аз 16 ба 31 расидааст.
Танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 10 корхонаи нав таъсис дода шудааст.
Зарур аст, ки корҳо дар самти ташкил ва дастгирии корхонаҳои хурду миёна, истифодаи пурраи имконияту иқтидорҳои маҳаллӣ барои рушди саноат ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин мақсад боз ҳам тақвият дода шаванд.
Дар 34 соли замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Шуғнон 21 иншооти энергетикӣ ба маблағи умумии 92 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки устувории таъминот бо барқ ва сифати кори шабакаҳоро куллан беҳтар намудааст.
Илова бар ин, ҳангоми сафари корӣ ба вилоят ҷиҳати истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус, энергияи офтобӣ мо бунёди неругоҳи барқи офтобиро дар ноҳия бо иқтидори 3 мегаватт ва бо арзиши 55 миллион сомонӣ оғоз бахшидем, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Бо татбиқи ин лоиҳа иқтидори энергетикии вилоят 5 фоиз афзоиш ёфта, имконият фароҳам оварда мешавад, ки захираи об дар иншооти танзимкунандаи шабонарӯзии неругоҳи барқи обии «Помир – 1» зиёд гардад.
Аз ин ҳисоб истеҳсоли барқ дар неругоҳи «Помир – 1» дар мавсими зимистон дар соатҳои серборӣ зиёд мегардад ва мушкилоти таъминот бо барқ дар ин фасл барои аҳолӣ ва дигар муштариён бартараф карда мешавад.
Дар ноҳияи Шуғнон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 17 миллион сомонии соли 2000-ум ба 190 миллион сомонӣ дар соли 2024 расонида шудааст, яъне 12 баробар зиёд гардидааст.
Истеҳсоли ғалладонагиҳо нисбат ба соли 1991-ум 1,7 баробар, картошка 4, сабзавот 2,5 ва мева 15 баробар зиёд шудааст.
Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза ва мушкилоти таъминоти аҳолии дунё бо маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ зарур аст, ки захираву имкониятҳои кишоварзии ноҳия, аз ҷумла ҳар як ваҷаб замин боз ҳам самаранок истифода карда шаванд.
Таъкид менамоям, ки дар шароити имрӯза захира кардани маводи ғизоӣ барои ҳар як оила аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Бо дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияи Шуғнон сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба беш аз 18 миллион сомонӣ расидааст.
Илова ба бинои беморхонаи маркази ноҳия, ки дорои 70 рахти хоб буда, имрӯз ба истифода супорида шуд, дар соли ҷорӣ бо дастгирии Хукумати мамлакат бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Кушк ва бинои иловагӣ дар беморхонаи деҳаи Вер бунёд гардид.
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишвар 42 нафар донишҷӯён аз ноҳия, аз ҷумла 29 нафар аз ҳисоби квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Инчунин дар коллеҷҳои тиббӣ 77 нафар ҷавонони ноҳия таҳсил доранд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаҳои фавти модару кӯдак дар ноҳия ба таври назаррас коҳиш ёфтаанд.
Фавти кӯдакони то яксола ба сифр расида, фавти модарон дар муқоиса бо соли 1990 беш аз ду баробар коҳиш ёфтааст.
Ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати кормандони соҳаи тандурустӣ ва дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат мебошад.
Бо вуҷуди ин, дар ноҳия ҳанӯз ҳам норасоии табибон, кам будани муассисаҳои тандурустӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба назар мерасад, ки андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.
Вобаста ба ин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки фаъолияти худро ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисон, сохтмони муассисаҳои нав ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир тақвият бахшад.
Дар заминаи ҳадафҳои пешбиникардаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Шуғнон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 43 бинои муассисаҳои таълимӣ барои 6 ҳазору 340 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар соли 2025 дар ноҳия бунёди боз 3 бинои муассисаи таълимӣ барои 436 ҷойи нишаст ба охир расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Тибқи квотаи президентӣ дар соли таҳсили 2024 – 2025-ум аз ноҳия 16 нафар, аз ҷумла 8 нафар духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шудаанд.
Бо вуҷуди ин, соли гузашта аз 32 нафар мутахассисони ҷавоне, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм ба ноҳия фиристода шудаанд, танҳо 13 нафар ба ҷойи кор ҳозир гардидаанд, ки ҳамагӣ 41 фоизро ташкил медиҳад.
Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҷалби омӯзгорони ҷавон, муҳайё сохтани шароити мусоиди кору зиндагӣ барои онҳо ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Ҳоло дар ноҳияи Шуғнон 5 муассисаи таълимии таъмирталаб ва 18 муассисаи таълимии садамавӣ мавҷуд мебошад, ки ин ҳолат ба сифати таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонад.
Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки масъалаи таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ дар мадди аввал бояд қарор дошта бошад.
Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ бояд чораҳои иловагӣ андешанд.
Хозирини гиромӣ!
Бо истифода аз фурсат мехоҳам таъкид намоям, ки роҳбарону масъулин, соҳибкорон, фаъолони ҷомеа, аҳли маориф, зиёиён ва падару модарон дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як фарди ҷомеа нисбат ба ҳар вақти дигар зиёдтар талошу кӯшиш кунанд.
Яъне мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар бештар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан, дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ таъсис диҳем ва барои ҳамдиёрони худ ҷойҳои нави корӣ муҳайё намоем.
Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки мо бояд масъалаи кумак ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоатро фаромӯш накунем.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки шумо – сокинони соҳибфарҳангу заҳматкаш ва ватандӯсти ноҳия барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлат минбаъд низ саҳми босазо мегузоред.
Кулли мардуми шарафманди ноҳияи Шуғнон ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро бори дигар ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу иқболи баланд ва барори кор орзу менамоям.
Бовар дорам, ки мардуми ватандӯсти ноҳияи Шуғнон дар оянда низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ба хотири пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазо мегузоранд ва дар ояндаи наздик диёри худро боз ҳам ободу зебо месозанд.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!