Дар Австрия барои шаҳрвандони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад

Июнь 3, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 03.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия шаҳрвандони Тоҷикистонро,  ки дар Австрия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд,  барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» даъват намудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи мамлакат мебошанд, ҳамчунин тоҷикони бурунмарзӣ (новобаста аз шаҳрванди кадом давлат будан) метавонанд иштирок намоянд.  Забони баргузорӣ ва баромад дар озмун тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ мебошад.

Барои иштирок дар озмун, шахсони хоҳишманд метавонанд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, расм ва ҷузвдони номгӯи асарҳои хондашуда ва ғазалу дигар навъҳои шеърии азхудкардаи худро бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ тавассути суроғаи электронии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия то 1 июли соли 2025 ирсол намоянд: info@tajikembassy.at ва tajembvienna@mfa.tj.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия

Июнь 3, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд