Дар басти аввал дар «Зимчуруд» 250 нафар кӯдакон ба истироҳат фаро гирифта шуданд

Июнь 13, 2025 08:28

ДУШАНБЕ, 13.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 июн басти аввали истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо фарогирии 250 нафар кӯдакони ятиму бепарастор, иштирокчиёни озмунҳои фанниву олимпиадаҳо ва чорабиниҳои ноҳиявию шаҳрӣ дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур  хабар доданд.

Муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода иброз дошт, ки имрӯз истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон бо фарогирии беш аз 250 нафар дар 4 баст бо давомнокии 12 рӯз дар ҳар баст тариқи ройгон амалӣ шуд.

«Дар басти аввал чун ҳарвақта хонандагони ятиму бепарастор, иштирокчиёни озмунҳои фанниву олимпиадаҳо ва чорабиниҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҷалб крада шудаанд. Ҳамзамон, дар ҳар як баст ба 30 нафар хонанда аз мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе низ ба истироҳату солимгардонӣ рохҳат дода мешавад»,-афзуд Зарина Зуҳурова.

Таъкид карда шуд, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, дӯст доштани табиат, истироҳат дар мавзеъҳои нотакрори диёр ва омодагӣ барои соли хониши нав яке аз ҳадафҳои асосии ташкили истироҳати тобистона барои насли наврас мебошад.

Иброз гардид, ки ҳамасола, дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе барои ба истироҳати тобистона ҷалб намудани кӯдакону наврасони пойтахт дар истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва наздимактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Тибқи қарори дахлдор,  кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва он хонандагоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намунавӣ гардидаанд, тибқи роҳхат давоми 12 рӯз ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур

Июнь 13, 2025 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид