Дар «Боғи Ирам» ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 19.06.20253. /АМИТ «Ховар»/. 22 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷашнгоҳ намоиши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз ин мева омодашуда, инчунин хушкмеваҳои ватанӣ, навъҳои зироати кишоварзӣ ва дастовардҳои илмии кишоварзон пешниҳод мегардад. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳаи кишоварзӣ дар назар дошта шудааст.
Ҷашни Тиргон бо мақсади иҷрои банди 20-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад.
Бояд гуфт, ки созмондиҳандагони ин чорабинӣ Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди маҳал, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, агентиҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, содирот, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Ҳар як ҷашну ойин ва маросим гӯяндаи таърихи ҳамагон ва тамаддуни таърихӣ аст. Дар таърихи бостон аҳамияти баргузории ҷашни Тиргон ба ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада баробар аст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбоши ба муносибати ҷашни Тиргон 30 июни соли 2024 таъкид намуданд, «ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар миёни мардуми мо бо хушҳоливу хурсандӣ ва бо риояи расму ойинҳои хоси он таҷлил мегардидааст. Дар айёми Тиргон ғалла расида, бисёр навъҳои мева низ мепазанд ва ҷамъоварии ҳосили парваришнамудаи марди деҳқон вусъат мегирад. Яъне ба қавли мардуми тоҷик давраи долу зарби кори кишоварзӣ фаро мерасад».
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо MCDF баррасӣ шуд
Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Корея тақвияти ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкории гумрукиро густариш медиҳанд
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея тақвият меёбанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардид
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Кишоварзони Тоҷикистон имсол кишти такрориро аз нақша барзиёд иҷро намуданд






