Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таваҷҷуҳ ба таҳияи корҳои илмӣ меафзояд
ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастгирии ҳамаҷонибад аз ташаббусҳои илмии муҳаққиқон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ аст ва ҳар як докторант бояд аз ин имкониятҳои фароҳамгардида истифодаи самаранок намояд. Ин матлаб 9 июн зимни ҳамоише, ки дар ин донишгоҳ бо мақсади ҳавасмандсозии муҳаққиқони ҷавон ва муайянсозии вазъи иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли таҳсили 2024–2025 баргузор шуд, баён гардид.
Ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода иброз намуд, ки тибқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси дорои унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Зеро маҳз мутахассисони дорои малакаҳои баланди илмӣ метавонанд дар рушди илму маориф, таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеа ва амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлкат саҳми назаррас гузоранд.
Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки ба низомномаи Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) тағйирот ворид гардидааст. Бо назардошти тағйирот ва навгониҳои воридгардида ҳар як муҳаққиқ бояд тарзи омодасозии рисола, мақолаҳои илмӣ ва дигар фаъолиятҳои илмиро бо риояи талаботи низомномаи нав анҷом диҳад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






