Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Барои иштирок дар ҷаласа ба Тоҷикистон Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Александр Турчин, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов, Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин, Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Мгер Григорян ва муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Ходжамират Гелдимирадов ташриф оварданд.
Сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар анҷоми ҷаласа изҳороти матбуотӣ бо иштироки Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев барои намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд






