Дар Душанбе самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода бо Комиссари (Роҳбари) Раёсати миллии моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Мардумии Чин Шен Ченю мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо муносибати дуҷонибаро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти баргузории чорабиниҳо, таҳкими табодули таҷриба дар соҳаи технологияҳои нав, аз қабили зеҳни сунъӣ, омодасозии мутахассисон, тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ, рақамикунонии соҳа ва дигар бахшҳо мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон муносибатҳои кориро дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» ва муколамаи «Осиёи Марказӣ-Чин» ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории дуҷониба баррасӣ намуданд.
Комиссари (Роҳбари) Раёсати миллии моликияти зеҳнии Хитой Шен Ченю ба сатҳи баланд баромадани ҳамкориро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни ду давлат тасдиқ намуд.
Меҳмонон аз Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассиса дидан намуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






