Дар Хатлон гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ бо 102 кг маводи нашъаовар дастгир шуд

Июнь 19, 2025 21:39

ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Қочоқи маводи мухаддир яке аз мушкилоти асосӣ дар ҷаҳон буда, бо ин роҳ доираҳои манфиатҷӯ ба пешрафти ҷомеа халал мерасонанд, иқтисодиёти миллиро зарба мезананд ва ҷавононро аз корҳои созандагӣ ва ободкорӣ монеа мешаванд.

Новобаста аз ошкор ва пешгирии пайвастаи қочоқи маводи нашъаовар дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, далели интиқоли маводи мухаддир тавассути хатти сарҳади давлатӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон идома ёфта истодааст. Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки қаламрави Тоҷикистонро мавриди ҳамлаи равонӣ қарор диҳанд ва бо ин усул амнияти сарҳадро халалдор созанд.

Гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори фаромиллӣ ҳанӯз ҳам дар ҳамбастагӣ бо ҳаммаслакони ҷиноятии худ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин васила мехоҳанд амалҳои ғайриқонуниашонро анҷом диҳанд. Вале дарки масъулият, муносибати ҷиддӣ ва маҳорати баланди касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус ниҳодҳои амниятии ҷумҳурӣ, ба онҳо имконият намедиҳад, ки мақсадҳои нопокашонро амалӣ созанд.

Дар натиҷаи роҳандозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ аз тарафи кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар дар ҳаҷми махсусан калон аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллии нашъаҷалоб ошкор ва пешгирӣ гардид. Дар рафти чорабинӣ макони буду боши гурӯҳи ҷиноятӣ муайян ва аъзоёни он — Ҳикматов Фирӯз Баҳодурович, соли таваллудаш 1997, зода ва истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Кайҳонавардон, бинои №2, хонаи №31 ва Ҳусайнзода Абдулло Ҳусайн, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайхун, ҷамоати деҳоти Панҷ, деҳаи Сомон, дар суроғаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Мирзо Турсунзода, хонаи берақам, боздошт карда шуданд.

Тибқи нишондоди боздоштшудаҳо муайян карда шуд, ки аъзои дигари гурӯҳи трансмиллии нашъаҷалоб Зокиров Аъзам Искандарович, соли таваллудаш 1990, зода ва истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Файзалӣ Саидов, хонаи №23 мебошад. Номбурда айни замон ҳамчун муҳоҷир дар ҳудуди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.

Дар натиҷаи азназаргузаронии манзили истиқоматии муваққатии онҳо, аз махфигоҳ, миқдори зиёди навъҳои гуногуни маводи нашъаовар дар панҷ борхалтаи полиэтиленӣ, дар ҳаҷми махсусан калон, дарёфт ва мусодира карда шуд.


Тибқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъҳои “ҳашиш”, “афюн”, моддаҳои психотропии намуди “метамфитамин” ва мэтадол буда, вазни умумиашон зиёда аз 102 килограммро ташкил медиҳад.

Оид ба ҳолати мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо дастрасии моддаи 200 қисми 4, бандҳои “а” ва “д”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шуд.

Баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ, бо ҳукми суди вилояти Хатлон ба Ҳикматов Фирӯз Баҳодурович ва Ҳусайнзода Абдулло Ҳусайн ба муҳлати 20 солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Маҳкумшудагон Ҳикматов Фирӯз ва Ҳусайнзода Абдулло бо ин амали нангини худ падару модар ва пайвандонашонро сархам намуданд ва имрӯз аз кардаи худ изҳори таассуф мекунанд, ки пушаймонӣ оқибат суд надорад.

Лозим ба ёдоварист, ки 102 килограмм маводи нашъаовари аз гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ мусодирашуда метавонист зиёда аз як миллион сокинро мубталои нашъамандӣ гардонад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муайян, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ба ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва ақлу заковати баланди сокинони мамлакат такя менамояд. Танҳо бо роҳи муборизаи оштинопазир бо ин зуҳуроти зишту нанговар метавон амну осоиши ҷомеа, суботи комил ва рушди бемайлони кишварро таъмин намуд.

Маркази робитаҳои ҷамъиятии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 19, 2025 21:39

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд