Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қочоқи беш аз 90 кг маводи мухаддир пешгирӣ гардид

Июнь 23, 2025 13:15

ДУШАНБЕ, 23.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи роҳандозии чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи хизматрасонии Дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Панҷоб»-и қисми низомии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон як ҳолати қочоқи маводи мухаддир ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

Дар рафти амалиёт аъзои гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифов Шарофуддин Каримович, соли таваллудаш 1969, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Панҷоби Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, маълумоташ миёнаи махсус, оиладор, муваққатан бекор, боздошт гардид.

Зимни кофтукови автомошинаи шахсии ӯ тамғаи “Опел”, рақами қайди давлатиаш 2794ВС03ТҶ, аз дохили бағоҷаш 4 борхалтаи рангашон кабуд бо миқдори махсусан калони маводи нашъаовар дар 90 баста ва як адад зарфи пластикӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар рафти чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ аз рӯйи нишондоди Зарифов Шарофуддин муайян карда шуд, ки ӯ бо истифода аз симкорти ширкати мобилии афғонӣ бо шаҳрванди Афғонистон бо номи Хол, тахминан 45-50 сола, аъзои гурӯҳи қочоқбари фаромиллии нашъаҷалоб, алоқаи доимӣ дорад.

Тибқи маслиҳати пешакӣ бо Зарифов Шарофуддин, қочоқбари афғон бо номи Хол бо ҳафт нафар аъзои мусаллаҳи гурӯҳаш тавассути хати сарҳади давлатӣ миқдори махсусан калони маводи мухаддирро ба ҳудуди Тоҷикистон интиқол додааст.

Дар минтақаи наздисарҳадии Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо Зарифов Шарофудин вохӯрдааст ва маводи мухаддиро ба ӯ супорида, бо ҳамроҳонаш бозпас ба самти Афғонистон рафтааст.

Зарифов Шарофуддин мақсад дошт, ки маводи нашъдорро дар махфигоҳ пинҳон намояд, вале кормандони амниятӣ ва марзбонон ӯро боздошт намуданд.

Тибқи хулосаи шуъбаи экспертӣ-криминалистии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маводи нашъаовари дарёфтшуда 79,722 кг навъи “ҳашиш”, 9,860 кг навъи “афюн” ва 975гр навъи “меамфитамин” буда, вазни умумиашон 90 килограмму 557 грамро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо дастрасии моддаҳои 36 қисми 5, 200 қисми 4, банди “д”, 289 қисми 3 ва 335 қисми 2, -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки гурӯҳҳои даҳшатафкани ифротӣ аз вазъияти зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон сӯистифода намуда, кӯшиш мекунанд, ки дар баробари фурӯши силоҳу аслиҳа, қочоқбарони маводи мухаддирро барои заифсозии сарҳади давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минтақаи Тоҷикистон 60 дар сади онро ташкил медиҳад, таҳрик намоянд. Онҳо бо ин роҳ мақсад доранд, ки ҳадафҳои муғризонаи худро пиёда созанд, маблағи бедардимиён ба даст оранд ва вазъи иқтисодӣ-сиёсӣ, иҷтимоӣ ва амну суботи давлатҳоро нооором созанд. Ин ҳамлаҳои равонӣ аз ҷониби шаҳрвандони қонуншикани кишварҳои ҷанубии аз нуқтаи назари амният осебпазир содир карда мешаванд.

Дар пешгирии чунин таҳдидҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза қарор гирифтааст, ки ин омил аз тарафи коршиносони хориҷӣ ва ватанӣ эътироф шудааст. Ҳамасола аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ миқдори зиёди воситаи нашъадор мусодира мегардад ва интиқолу паҳншавии минбаъдаи он дар қаламрави дигар кишварҳои минтақа пешгирӣ мегардад.

Аз ҳар як сокини мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки дар роҳи пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар саҳмгузор бошанд. Зеро ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маркази робитаҳои ҷамъиятии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2025 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд