Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Таҳти ин унвон бо ибтикори идораи рӯзномаи «Хатлон» дар матбааи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мулквар»-и шаҳри Душанбе маҳсули эҷоди рӯзноманигори соҳибтаҷриба Саттор Қарахонов аз чоп баромад.
Китоби «Нома ба насли оянда» дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ рӯйи чоп омадааст. Ин маҷмуаи публитсистӣ мақолаҳои андешамандона ва пандомӯзеро дар бар мегирад, ки ба масоили муҳими рӯзмарраи ҷомеа бахшида шудаанд. Муаллиф бо нигариши хоса ва нигоҳи мардумгароёна масъалаҳои ватандӯстӣ, маърифати шаҳрнишинӣ, фарҳанги муошират, ахлоқи оилавӣ ва маърифати экологиро ба риштаи таҳлил мекашад.
Бо забони содаву равон ва сабку услуби хос муаллиф кӯшиш кардааст, ки насли ҷавонро ба андешидан, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва инсонӣ раҳнамун созад. «Нома ба насли оянда» як дастури ахлоқиву маънавӣ барои хонандаи ҷавон ва умуман ҳар фарди ҷомеа мебошад. Китоб даъват ба он аст, ки барои фардои беҳтар бояд имрӯзро бо масъулияту меҳру муҳаббат зиндагӣ кард.
-Саттор Қарахонов аз чеҳраҳои шинохтаи матбуоти тоҷик ва публитсисти варзида аст, ки наздик ба панҷ даҳсола дар идораи рӯзномаи «Хатлон» фаъолияти пурсамари эҷодӣ мебарад, — омадааст дар пешгуфтори китоб.
Маҷмуа аз 4 қисмат иборат буда, насли ҷавонро ба ватандӯстию ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба анъанаҳои неки ниёкон, риояи одоби шаҳрнишинӣ ва маърифати экологӣ ҳидоят мекунанд.
АКС: Идораи рӯзномаи «Хатлон»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






