Дар шаҳри Истаравшан 20 навъи ангур парвариш меёбад
ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан 20 навъи ангур парвариш меёбад, ки бештари он барои содирот нигаронида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Барои ба даст овардани ҳосили фаровон айни замон маъракаи обёрӣ дар 2163 гектар боғи дарахтони мевадиҳанда ва 3651 гектар токи ангур ҷараён дорад.
Тавсия дода шуд, ки дар ин шабу рӯз ҷиҳати серҳосилу хушмаза гардонидани меваҳо обёрии саривақтӣ омили асосӣ маҳсуб мешавад. Ҷиҳати дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани маъракаи обёрӣ ба кишоварзони ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз ҷониби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии «Заринруд»-и шаҳри Истаравшан хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ саривақт дастрас гардида истодаанд. Ҳамарӯза ба хоҷагиҳои боғу токпарвар ва деҳқонони аъзои Асотсиатсияи истифодабарандагони оби (АИО) минтақа дар ҳар сония 800 метри мукааб оби полезӣ дастрас карда мешавад.
Айни замон дар обанбори «Заринруд» наздики 20 миллион мукаабметр оби полезӣ захира карда шуда, танҳо ҷиҳати обёрии полезии 2163 гектар боғ ва 3651 гектар токзори зиёда аз 20 намуди ангур равона шудааст.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳри Истаравшан ба ҳисоб рафта, дар ин самт масъулину кишоварзони шаҳр пайваста чораҳои амалӣ меандешанд, то заминаи устувори таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум фароҳам оварда шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






