Дар соҳили рости дарёи Сир ба дарозии 2 километр ва паҳноии 8 метр роҳрав сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 16.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд, дар соҳили рости дарёи Сир, аз пули кӯҳнаи шаҳр то пули «Ҷашнӣ» ба дарозии 2 километр ва паҳноии 8 метр роҳрав бунёд мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Ҳамчунин дар роҳрав таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан ва нишастгоҳҳо гузошта мешаванд. Айни замон дар соҳили рости дарёи Сир, аз пули куҳнаи шаҳр то Осоишгоҳи бемориҳои шараёни дили вилоят, сохтмони роҳраву иншооти фароғатӣ бомаром идома дорад. Ин мавзеъ ба макони истироҳативу варзишӣ табдил ёфта, айни замон корҳои бартарафсозии иншооти ғайриқонунӣ ҷойгиршуда идома доранд.
Соҳили дарё ҳамеша макони дӯстдоштаи сокинон ба ҳисоб меравад ва бо назардошти ин бояд минтақаи истироҳатӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад.
Ба иттилои манбаъ, ин мавзеъ дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ буда, бо бунёди чунин иншоот дар соҳили дарёи Сир он метавонад ба афзоиш ва ҷалби бештари теъдоди сайёҳони дохиливу хориҷӣ замина гузорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






