Дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мешавад

Июнь 2, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 02.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳҳои июн-июли соли 2025 дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи асосии экспедитсия шиносоӣ бо имконот ва зарфияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Экспедитсия аз Федератсияи Русия оғоз ёфта, тариқи 25 нақлиёт аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон гузашта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ буда, мероси бои таърихию фарҳангӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дорад.

Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти давлат ба ҳисоб рафта, дар шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт имкониятҳо фароҳам меорад.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Хатсайрҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ маҳз бо мақсади ҷалби сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мегарданд.

АКС: Dushanbe travel

Июнь 2, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд