Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд

Июнь 17, 2025 15:21

ДУШАНБЕ, 17.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин зимни мулоқот дар шаҳри Остона, ки имрӯз дар доираи ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Чин» баргузор шуд, оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бояд тазаккур дод, ки тавсеаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва Чин яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ маҳсуб ёфта, дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Дар ин замина, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати афзун намудани теъдоди парвозҳо ва кушодани хатсайрҳои нав байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин супоришҳои мушаххас дода буданд.

Ёдовар мешавем, ки 16 июн байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Пекини Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мустақими мусофирбарӣ ифтитоҳ гардиданд. Нахустин парвози мустақим байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Чин тавассути ширкати ҳавопаймоии чинӣ анҷом дода шуд.

Нахустин парвоз дар масири Пекин –Душанбе бо ҳавопаймои Боинг 787 анҷом дода шуд. Дар оянда ҳавопаймои Боинг 737-8 дар ин масир ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои сешанбе ва шанбе парвоз менамояд.

Ҳавопаймо аз Фурудгоҳи «Пекин-Дасин» соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ парвоз намуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд меояд. Ҳавопаймо дар самти бозгашт аз Душанбе соати 22:30 парвоз намуда, ба Пекин рӯзи дигар, соати 07:20 мерасад. Вақти парвоз дар масири Пекин –Душанбе аз як тараф тақрибан 7 соат ва бозгашт 6 соат аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 17, 2025 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон