Гела Шекиладзе: «Футболбозони тоҷик бо тамоми неру барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин тайёрӣ мебинанд »

Июнь 10, 2025 09:45

ДУШАНБЕ, 10.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили дастаи мунтахаби Филиппин дар нишасти матбуотӣ иштирок намуд. Гела Шекиладзе аҳамияти вохӯрии дарпешистодаро таъкид намуда, гуфт, ки футболбозон бо тамоми нерӯ ба ин бозӣ тайёрӣ мебинанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе дар идомаи нишасти матбуотӣ чунин изҳори андеша намуд:

– Мо дарк мекунем ва медонем, ки бозӣ осон нахоҳад буд. Дастаи мунтахаби Филиппин рақиби пурқувватест, ки қодир аст барои ҳар даста мушкилӣ эҷод кунад. Мо омодагии хеле хуб дидем, аввал дар Қатар, баъд дар Камбоҷа ва марҳилаи сеюми омодагӣ аллакай инҷо сипарӣ шуд. Ҷиҳатҳои қавӣ ва заъфи ҳарифро таҳлил кардем. Бозингарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон аҳамияти ин вохӯриро мефаҳманд. Даста ба пуррагӣ диққати худро ба ин рақобат равона кардааст. Танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳем кард. Умедворем, ки бо натиҷаи хуб мухлисони худро шод хоҳем кард.

Ҳамчунин дар остонаи бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бо дастаи мунтахаби Филиппин, дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов аз интизориҳои худ ва омодагии даста ҳарф зад.

Рустам ЯТИМОВ, дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон:

– Мо ба бозии дар пешистода тайёрии ҷиддӣ дида истодаем. Мефаҳмем, ки дар меҳмонӣ натиҷаи мусбӣ ба даст овардан то чӣ андоза муҳим аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин марҳила ба марҳила, ҳафтаҳо омодагӣ дид. Бозингарон солиманд ва барои рақобат омодаанд. Мо то дақиқаи охирин, то садои ҳуштаки ниҳоӣ, дар майдон мубориза мебарем.

Хотиррасон мешавем, ки бозии дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон имрӯз, 10 июн дар Варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (16:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 10, 2025 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд