Харитаи роҳи Ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Харитаи роҳи Ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маросими ифтитоҳи Харитаи роҳи Ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси 3-юми байналмилалии «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.
Харитаи роҳ аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) таҳия шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи он муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода иброз дошт, ки Харитаи роҳ барои татбиқи устувори Ҳадафи 7 дар кишвар аҳамияти калидӣ дорад ва ифтитоҳи он як қадами муҳими стратегӣ дар самти таҳкими амнияти энергетикӣ ва гузариш ба энергияи «сабз» мебошад.
Манучеҳр Сафарзода ба ташаббусҳо ва лоиҳаҳои амалкунандаи марбут ба рушди энергияи барқароршаванда дар кишвар ишора намуда, онҳоро омили муҳим барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда арзёбӣ кард.
Харитаи роҳ тавсияҳоеро ҳамчун афзалиятҳо, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан дар бахши манзил, бо мақсади коҳиши сарфаи захираҳои энергетикӣ, иваз намудани технологияҳои кӯҳнаи пухтупаз ва гармидиҳӣ бо технологияҳои самаранок ва муосир то ҳадди имкон бо таҷҳизоти барқӣ, диверсификатсия намудани манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ тавассути афзоиши ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар маҷмуи таъминоти энергетикӣ, ки ба баланд бардоштани амнияти энергетикӣ ва то соли 2050 ба сифр баробар гардидани партовҳои карбон мусоидат менамояд, муайян намудааст.
Иҷрои ин тавсияҳо на танҳо ба таҳкими заминаҳои устувори энергетикӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард, балки ҳамчун намунаи муассири ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ барои татбиқи амалии Ҳадафҳои Рушди Устувор арзёбӣ мегардад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






