Имрӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд

Июнь 16, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар иҷлосия Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодаи Неругоҳи барқи обии Сангтуда-1 аз 30 июли соли 2009 мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарори дахлдор қабул карда шуд.

Ҳадафи асосии Протоколи мазкур ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати «Барқи Тоҷик» ба ҳисоб меравад.

Дар доираи Протокол ҳаҷми сармояи ҷонибҳо ба маблағи умумии 847 миллон доллари ИМА муаяйн карда шудааст.

Татбиқи тарифҳои имтиёзнок аз соли 2025 оғоз гардида, дар соли якум тарифҳо 1,5 сенти ИМА ва дар соли 2032 ба 2,2 сенти ИМА баробар хоҳад шуд.

Муҳлати бозгашти сармояи ҷонибҳо дар доираи ин иншоот, аз 20 сол ба 35 сол (15 соли иловагӣ — аз соли 2034 ба соли 2048) иваз карда шуд.

Бо таъмин намудани иҷрои муқаррароти бозбинишудаи Созишномаи амалкунанда ба соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ самараҳои зерин дар назар аст:

-Давоми солҳои 2025 — 2034 марҳила ба марҳила пурра аз эътибор соқит намудани қарзҳои ба ҳолати 31.12.2024 ба амаломада — ба маблағи 3 миллиарду 257 миллон сомонӣ баробар ба 297 миллион доллари ИМА.

-Паст шудани тарифҳои хариди неруи барқ ба 1,5 сенти ИМА аз 3,168 сенти ИМА, яъне 2,1 мартиба паст карда шуда, то охири соли 2032 ба 2,2 сенти ИМА баробар мешавад, ки он аз сатҳи имрӯзаи тарифҳо низ паст мебошад. Минбаъд, аз соли 2033 то охири соли 2048 дар сатҳи 3,3 сенти ИМА яксон хоҳад монд.

Тибқи таҳлилҳо, самаранокии молиявии натиҷаҳои музокиротҳо ва муқаррароти Протоколи мазкур дар давоми солҳои 2025-2049 маблағи 588 миллион доллари ИМА арзёбӣ шудааст.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 16, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд