Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад

Июнь 9, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 09.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят  борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, эҳтимоли ба  амал омадани  раъду барқ вуҷуд дорад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо  борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи пешгӯӣ мешавад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 21+23 дараҷа ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 9, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад