Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад

Июнь 25, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 25.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ  шуда, ҳаво дар водиҳо то 41 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шамол аз самти  ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва  рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш  пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Хокбориш ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 24+29 дараҷа ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 25, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Ватанро аз фазилатҳои Пешвои миллат бояд омӯхт!
22 июл дар Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад
Даври ниҳоӣ дар баландӣ. Дар Бадахшон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Соҳибкорону сокинон дар корҳои ободонии ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи беш аз 21 миллион сомонӣ саҳм гузоштаанд
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Гурӯҳи корӣ бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар Деҳободи ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ ва коргоҳу корхонаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» таҳия карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Замони баргузории Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии шаҳри Панҷакент муайян шуд