Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо мекунанд

Июнь 1, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 01.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 31 май Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо натиҷагирӣ гардид ва имрӯз, 1 июн барои иштирокдорони ин чорабинӣ аз рӯи 7 хатсайр – Душанбе, Душанбе-Ҳисор, Душанбе-Сиёма, Душанбе-Ромит, Душанбе-Норак, Душанбе-Роғун ва Душанбе-Сафеддара саёҳат ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии мамлакат ташкил гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Давоми чанд соли охир бо шарофати аз ҷониби ҷомеаи чаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфтани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим пойтахти тоҷикон-шаҳри Душанбе ба маркази баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию илмӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст.

Дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд ҷамъ омадани намояндагони давлатҳои ҷаҳон дар шаҳри Душанбе ва мавриди баррасӣ қарор гирифтани мушкилоти аҳли башар дар самти обу иқлим дар баробари боло бурдани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ замина мегузорад.

Бояд гуфт, ки меҳмонон давоми се рӯз – аз 29 то 31 май дар баробари иштирок дар кори конфронс дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт дар барномаҳои фарҳангӣ иштирок намуда, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиро тамошо карданд. Меҳмонон аз тамошои маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик — чакану зардӯзӣ, атласу адрас, кандакорӣ, сабадбофӣ ва ғайраҳо ба ваҷҳ омада, ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд. Нону кулча ва таомҳои тоҷикиро чашида, меҳмонони хориҷӣ таъми лазиз доштану бо санъати баланди пазандагӣ омода шудани хӯрокҳои тоҷикиро таъкид карданд.


Ёдовар мешавем, ки давоми се рӯз — аз 29 то 31 майи соли 2025 — дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуд. Ҳадафи ин чорабинии байналмилалӣ ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими экологӣ дар замони муосир — обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Иштирокдорони конфронс таъкид намуданд, ки пиряхҳо дар нигоҳ доштани тавозуни экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об нақши калидӣ доранд.

Натиҷаҳои муҳими Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо қабул гардидани Эъломияи Душанбе ва Даъвати Душанбе: даъват барои амал (Dushanbe Appeal: Call for Actions) мебошад, ки давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибҳои манфиатдорро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи криосфера ва пиряхҳо даъват менамояд.

Дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо беш аз 2600 нафар аз 90 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, барномаи конфронс баргузории ду ҷаласаи умумӣ, 12 нишасти мавзӯӣ, 2 мизи мудаввари сатҳи баланд, инчунин чорабиниҳои пешазконфронсӣ, аз ҷумла 8 форуми сатҳи баланд ва 17 чорабинии канориро дар бар гирифт.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи давлатии Кутаиси тақвият медиҳад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шурои нави диссертатсионӣ муаррифӣ карда шуд
Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар ҳашт моҳ 34% афзоиш ёфтааст
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
DITE-2025: Душанбе ба маркази нави сайёҳии байналмилалӣ табдил меёбад
DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд
Муслим Сафоӣ аз Эрон: «Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад»
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қазони Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид