Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз як гурӯҳ меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Файзалӣ Қурбонзода.
Иштирокдорон аз минтақаи обқабулкунанда, сарбанди асосӣ ва толори мошинҳои неругоҳ аз наздик шинос шуда, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва заҳмати шабонарӯзии мутахассисону кормандони НБО «Роғун» дар ин иншооти бузурги аср дидан намуданд.
Меҳмонон ҷараёни сохтмонро «шоистаи таҳсину намунаи олии иродаи миллӣ» арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ин лоиҳаи муҳим на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа ва ҷаҳони муосир аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
Онҳо саҳми шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди иншооти азим ва роҳандозии лоиҳаҳои калидии соҳаи энергетикаи мамлакат баланд арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо рӯзҳои 29–31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир шуда, яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар самти экология ва иқлим гардид.
Дар ин Конфронс зиёда аз 2600 намоянда аз 90 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, барномаи он ду ҷаласаи умумӣ, 12 нишасти мавзӯӣ, 2 мизи мудаввари сатҳи баланд, инчунин чорабиниҳои пешазконфронсӣ, аз ҷумла 8 форуми сатҳи баланд ва 17 чорабинии канориро дар бар гирифт.
АКС: АМИТ «Ховар»

































«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст






