«КӮДАКОН-ДУНЁИ МОЯНД!». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил мегардад

Июнь 1, 2025 08:42

ДУШАНБЕ, 01.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро таҷлил менамоянд. Аз ҷумла, дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт низ таҳти унвони «Кӯдакон-дунёи моянд!» барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ба тамошо гузошта шуда, инчунин баргузории дигар бозиҳои шавқовар барои кӯдакон дар назар дошта шудааст. Зимни он ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе низ барномаҳои тарбиявию маърифатӣ гузаронида шуданд.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки таҷлили он соли 1925 аз конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария оғооз шудааст.

Дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ номида, ба парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеа таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамоянд. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсили босифат, ҳифзи тандурустию барқарорсозии саломатӣ ва бо мақсади рушди ҷисмонӣ барои фароғату роҳати онҳо шароити созгор фароҳам овардааст. Барои дастгирӣ ва ҳавасманднамоии наврасони соҳибҳунару соҳибистеъдод пайваста  озмуну фестивал ва мусобиқаю чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ бо иштироки кӯдакон доир карда мешаванд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои фароҳам сохтани ҳама гуна шароит барои кӯдакону наврасон ҳамасола қонуну қарорҳо ба тасвиб мерасанд. Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар мамлакат қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар низоми қонунгузории Тоҷикистон мавқеи махсуси хешро пайдо намуд.

Қабули чунин санади миллӣ таҷассуми сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас ва дар руҳияи арзишҳои миллӣ ба камол расидани онҳо мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, «модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Дар мисоли татбиқи ин моддаи Конститутсия метавон аз он ёдовар шуд, ки барои рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фаро гирифтан ба таҳсил,  нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал татбиқ мегарданд.

Мисоли ин гуфтаҳо ин аст, ки давоми зиёда аз даҳ соли охир бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат кӯдакистонҳои давлатию ғайридавлатӣ ба истифода дода шуда, мунтазам фаъолият доранд.

Инчунин 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи маориф, вазъи таҳсил дар мактабҳо ва тарбия дар муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, барои ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамин тадбирандешӣ аст, ки соли 2022 Тоҷикистон дар радифи 10 давлати ҷаҳон барои ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифта буд. Натиҷаи таҳқиқоти байналмилалии RGCA (Гурӯҳи таҳқиқотии Осиёи Марказӣ), маълумоти ЮНИСЕФ, Бонки ҷаҳонӣ ва OECD (Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд) оид ба рейтинги динамикаи ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабиро  нашрияи «Finance Inquirer» нашр карда буд.

Дар радифи 10 кишвари ҷаҳон Узбекистон бо 59 фоизи ҷалби кӯдакон дар ҷои аввал, Тоҷикистон бо 33 фоизи ҷалби кӯдакон дар ҷои дуюм ва Беларус бо 7 фоиз дар ҷойи сеюм қарор гирифт.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи кӯдакон, махсусан ятимон, маъюбон ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Барои бо ҳаёти пурарзиш ва сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакони бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, сару либос, маблағҳои пулӣ ва хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, пеш аз ҳама, манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешавад.

Барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмонию зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ зарур аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Тарбия ва чӣ гуна ба воя расидани онҳо аз ҷомеа вобаста аст. Яъне аҳли ҷомеа кӯдаконро бояд дар руҳияи ватандӯстӣ, миллатпарварӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамида тарбия намоянд.

Бояд гуфт, ки барои ба воя расонидани фарзандони солеҳу муваффақ падару модаронро зарур аст, ки дар қатори муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи шоистаи онҳо саҳм гузоранд ва ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд.

Имрӯз насли ҷавонеро бояд тарбия намуд, ки дар муборизаи ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал карда тавонад ва ҳеҷ гоҳ гирифтори ноумедӣ нагардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2025 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Муовини якуми Раиси ҲХДТ: «Аз ваҳдати миллӣ садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омада, Тоҷикистон ба гулистон табдил ёфт»
Дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарини ҷомеа мебошад
Ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад
Абдулло Раҳмонзода: «Ваҳдати миллӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили наҷотбахш ва сарчашмаи эҳёи дубораи халқи тамаддунофари тоҷик гардидааст»
КИШТИ ТАКРОРӢ. Барои рӯёнидани ду ё се ҳосил аз як замин чӣ бояд кард?
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мармиҷон мӯй ва нохунҳоро мустаҳкам карда, онҳоро қавӣ ва дурахшонтар месозад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои гирифтор нашудан ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рӯзи ҳамгироии миллӣ, иттиҳод ва сулҳу субот дар таърих сабт шудааст
Ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасониҳои коммуналӣ ғайринақдӣ пардохт мегардад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид