Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23-24 июни соли 2025 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон оид ба вазъ ва дурнамои амният ва субот дар фазои СҲШ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳдидҳои афзоянда дар минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати таҳкими ҳамкории амалии мақомоти дахлдори давлатҳои аъзо, хусусан дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои кибериро таъкид кард.
АКС: Котиботи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид






