МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
ДУШАНБЕ, 20.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. МегаФон Тоҷикистон ҷумҳурии моро дар Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург (ФБИП), ки 18-21 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, муаррифӣ намуд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими форум имзои созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари руссиягии Ivideon гардид. Дар навбати аввал ҷонибҳо нақша доранд, ки системаҳои назорати видеоӣ ва таҳлили видеоиро дар Тоҷикистон рушд диҳанд.
Солҳои 2025-2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд. Ташаббусҳои Президент ва Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, МегаФон Тоҷикистон тавсеаи шабакаи технологӣ ва ҷорӣ намудани digital-хизматрасониҳои инноватсиониро идома медиҳад.
Ҳамкории дарозмуддати стратегӣ бо Ivideon барои васеъ намудани имкониятҳои мизоҷони оператор дар самти истифодаи системаҳои назорати видеоӣ ва таҳлили видеоӣ имкон медиҳад. Онҳоро дар соҳаҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст – масалан, дар сохтмон, тиҷорати меҳмонхонавӣ, савдо, дар нуқтаҳои дода шудани фармоишҳои маркетплейсҳо — (НДФ) – барои таъмини бехатарӣ ва баланд бардоштани самаранокии тиҷорат. Ҳамин тариқ, таҳлили видеоӣ баҳри муайян кардани нуқтаҳои серхаридортарини мағозаҳо, вақти фаъолнокии бештари мизоҷони НДФ ё назорати саривақт дастрас кардани масолеҳи сохтмонӣ ва қабули қарорҳо оид ба муносибгардонии равандҳои тиҷоратии ташкилот кӯмак мерасонад.
Фаъолгардонии платформаи сервазифаи зеҳние, ки барои ташкили системаҳои дохилӣ ва фосилавии назорати видеоӣ ва таҳлили видеоӣ имкон медиҳад, яке аз аввалин қадамҳои муштараки Ivideon ва ширкати “МегаФон Тоҷикистон” хоҳад буд. Дар оянда роҳандозии дигар имкониятҳо барои тиҷорат ва мизоҷони воқеӣ дар нақша аст.
“Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Русия – роҳи таҳкими соҳаҳои ТИ ва телекоммуникатсияи ду кишвар мебошад. Коркардҳои Ivideon, бешубҳа, барои бозори мо ҷолиб буда, баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди соҳа гузошташуда кӯмак мерасонанд. Ояндаи наздик мо нақша дорем, ки рӯйхати хизматрасониҳои рақамиии барои мизоҷони мо дастрасро васеъ намоем. Системаҳои таҳлили тиҷоратӣ барои ташкилотҳое, ки баҳри баланд бардоштани самаранокии фаъолияти худ талош меварзанд, ёвари хуб гардида, ҷиҳати рушди умумии иқтисодиёти мамлакат мусоидат мекунанд”, — гуфт Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
“Ҳамкорӣ рушди мантиқии шарикии мо бо МегаФон – акнун дар сатҳи оператори миллии телекоммуникатсионии Тоҷикистон гардид. “МегаФон Тоҷикистон” – оператори асосӣ бо инфрасохтори васеъмиқёс ва дарки амиқи вазифаҳои технологии кишвар мебошад. Барои мо ин имкониятест баҳри роҳандозии назорати видеоӣ ва таҳлили видеоӣ аз рӯи модели шарикӣ, дар он формате, ки ҳақиқатан ҳам барои тиҷорату мизоҷони воқеӣ дар бозори маҳаллӣ зарур аст”, — илова кард Заур Абуталимов, директори генералии Ivideon.
АКС: МегаФон Тоҷикистон








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






