Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар Вена иштирок намуд

Июнь 18, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 18.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар Қароргоҳи Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена (Австрия) ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА таҳти унвони «Саводи расонаӣ, иттилоотӣ ва нақши ҷавонон дар пешгирию мубориза бо радикалсозии онлайнӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд.

Дар ҷаласа сардори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода сухан намуд.

Намояндаи Тоҷикистон   дар бораи иқдомоте, ки дар роҳи ҳифзи ҷавонон аз ифротгароии хушунатомез, ба хоса дар ҷаҳорчӯби «Стратегияи миллии Тоҷикистон оид мубориза бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2025-2030»  амалӣ мегардад, гузориш пешниҳод намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия

Июнь 18, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид