Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Июнь 27, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон – шаҳраки Ваҳдат бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Бинои асосии Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои зиёда аз 75 ҳуҷра, аз ҷумла 55 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 45 кат, шуъбаҳои кӯдакона, эҳё, ташхис, таваллуд, занона, ҷарроҳӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Инчунин дар ин ҷо гӯшаи гиёҳҳои шифобахш низ ташкил карда шудааст, ки дар он бо истифода аз гулу гиёҳҳои табиати Тоҷикистон нушобаҳо омода карда мешаванд.

Майдони замини беморхона 1 гектар ва масоҳати бино 2 ҳазору 419 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашнҳои бузургу таърихӣ 28-солагии Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 13 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи иҷтимоӣ соли 2024 оғоз гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат мутобиқ ба талаботи соҳа дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шудааст.

Дар ин муассисаи тандурустӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла ҷарроҳии умумӣ, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо, сабти барқии дил ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷа аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ харидорӣ ва насб карда шудааст.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои муассисаи тандурустӣ мушкили чандсолаи аҳолии беш аз 14 ҳазор нафараи ноҳияи Шуғнон дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ бартараф гардид.

Шароити замонавӣ дар беморхона, ки аз баракати сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ фароҳам омад, акнун имкон медиҳад, ки табибон дар он ташхису муолиҷаи бемориҳои гуногунро ба сокинон саривақт ба роҳ монанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуш бо беморон ба онҳо дастуру тавсияҳо доданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ноҳияи Шуғнон 55 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 410 табиби ботаҷриба ба сокинон хизмати тиббӣ мерасонанд.

Саҳн ва атрофи бинои беморхона ободу сабзкорӣ гардида, бо насби чароғакҳои ороишӣ шабонгаҳ низ намои зебо дорад.

Ифтитоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон 27.06.2025

Июнь 27, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия