Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо метавонем бо талошҳои муштарак ба пешрафти боз ҳам бештар ноил гардем.
Ба татбиқи тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, ки моҳи марти соли равон баргузор гардид ва санадҳои имзошуда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва дар маҷмуъ робитаҳои иқтисодӣ, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Густариши муносибатҳо дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ҳам самтҳои муҳими ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.
Ҳарду ҷониб аз ҷараёни бомуваффақияти Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскав ва Қазони Федератсияи Русия изҳори қаноат намуданд.
Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба рӯзномаи мулоқоти сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон сурат гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






