Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитса дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид.
Дар оғози суҳбат Эммануэл Макрон ба Президенти кишвари мо барои қабули даъват ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии Нитса арзи сипос намуда, нақши пешвоии Тоҷикистонро дар умури ҷаҳонии обу иқлим махсус таъкид карданд.
Президенти Фаронса, ҳамчунин, ҷониби Тоҷикистонро бо баргузории бомуваффақияти нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе табрику таҳният гуфтанд.
Дар идома ҷонибҳо ба рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоя ва технология, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву башарӣ, илму маориф ва сайёҳӣ зарур шумурда шуд.
Тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ унсури муҳими муносибатҳо номида шуд.
Аз раванди рушдёбандаи шарикии кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Созмони Милал, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамкорӣ дар масоили тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои таъсири он ба муҳити зист, аз ҷумла дар чаҳорчӯби “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ”, солҳои 2025-2034 аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд.
Мавқеи наздик ва ҳамсони кишварҳо оид ба таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, бахусус мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид гардид.
Дар фароварди суҳбат Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон даъват намуданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






