Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Рӯшон мулоқот намуданд

Июнь 26, 2025 12:45

ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия ва вилоятро ба муносибати санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои давлатӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки Ҳукумати кишвар барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва таъмини рушди он тайи 34 соли соҳибистиқлолӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд ва ин равандро идома дода истодааст. Аз ҷумла дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди ноҳия беш аз 1,4 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Таъкид гардид, ки танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 660 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки зиёда аз 346 миллион сомонии он маблағҳои мақсаднок барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия мебошанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида, ҳоло амалисозии боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки маблағи то имрӯз дар доираи ин лоиҳаҳо азхудшуда 118 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Роҳбари давлат оид ба аҳамияти бунёди роҳу пулҳо андешаронӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд: «мо дар ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади ноҳияи Рӯшонро расман ифтитоҳ намудем, ки барои таъмин намудани рушди бомароми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон нақши басо муҳим дорад».

Аз руи маълумот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон сохтмону азнавсозии 165 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз 75 фоизи нақша иҷро шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи шахсони саховатпеша, соҳибкорону сармоягузорон ва сокинони шарафманди ноҳияи Рӯшон, ки дар ободониву бунёдкорӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд, миннатдорӣ баён намуданд.

Президенти кишвар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки дар баробари ин корҳои анҷомёфта, бо дарназардошти захираву имкониятҳои ноҳия, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳо дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро тақвият диҳанд.

Ташкилоти бонкии кишвар вазифадор шуданд, ки барои дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Барои рушди соҳаи саноати вилоят зарур шумурда шуд, ки ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва воридоти технологияҳои замонавӣ тақвият бахшида шавад.

Роҳбарияти ноҳия ва вазорату идораҳои марбута вазифадор шуданд, ки барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин тадбирҳои амалӣ андешанд.

Супоришҳои дигар барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзиву дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дода шуд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини соҳаи тандурустӣ барои беҳтар кардани шароити муассисаҳои тиббӣ, таъмини онҳо бо кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ андешидани тадбирҳои иловагиро талаб намуданд.

Ба масъулини вилоят ва ноҳия, инчунин барои рушди соҳаи сайёҳӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси ноҳияи Рӯшон дар оянда низ ба хотири ободу пешрафта гардонидани диёри худ ва Ватани азизамон – Тоҷикистон сарҷамъона заҳмат мекашанд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯшон 26.06.2025

Июнь 26, 2025 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 иншоотро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳаи аграрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маъмурии Маркази солимгардонии Соҳили Унҷиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 4 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли орд барои макарон дар назди ҶДММ «Ирода инвест» оғоз бахшиданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро бо дарозии 12 километр мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд