Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон аз қитъаи намоишии зироати кишоварзӣ дидан намуданд

Июнь 27, 2025 07:25

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пашори деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон аз қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дидан намуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати 4 гектар замини бекорхобида бунёд гардида, дар майдони 1,5 гектар ниҳоли дарахтони зардолу, шафтолу, олу, олуболу, нок, гелос, себҳои қадпасту миёнақад ва дар масоҳати як гектари дигар ниҳоли чормағзи ҳамелӣ шинонида шудааст.

Дар байни қатори ниҳоли дарахтони боғ картошка, сабзӣ, ҷуворимакка ва дигар зироатҳои ба иқлими минтақа мутобиқ парвариш меёбад.

Дар як гектар замин ба таври таҷрибавӣ пиёзу лаблабуи сурх ва лаблабуи сафед кишт гардидааст, ки нашъунамои хуб дорад.

Парвариши тамоми намуди зироатҳои кишоварзӣ бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ба роҳ монда шудааст. Зироатҳои интихобгардида тибқи таҷриба даҳаи охири моҳи апрел кишт гардида, тибқи хислатномаашон бояд охири моҳи август ҷамъоварӣ карда шаванд.

Мақсад аз роҳандозии ин таҷриба интихобу мутобиқсозии зироатҳои кишоварзӣ ба иқлими маҳал, ҷорӣ кардани таҷрибаи муосир, истифодаи оқилонаи замин ва таъмини ҳарчи бештари мардум бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ, умуман андешидани чораҳо ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз ҳавзи парвариши моҳӣ, ки дар масоҳати 20 садяк замин сохта шудааст, дидан карданд. Тавре аён гардид, дар он моҳиҳои гармидӯст аз қабили зағорамоҳӣ ва амури сафед сар додаанд.

Оянда тасмим гирифта шудааст, ки бо истифода аз шароити мусоид ва оби фаровон масоҳати ҳавзи моҳӣ то ба як гектар васеъ карда мешавад.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки даромад аз фурӯши моҳӣ як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо мебошад ва дар ноҳияи Шуғнон барои рушди ин бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ имконият бештар аст.

Ҳамзамон дар ҳамин ҷо ба Роҳбари давлат лоиҳаи гармхонаи доимамалкунандаи муосир, ки дар шафати қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати бештар аз як гектар замин бо иншооти ёрирасон аз тарафи Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” сохта мешавад, муаррифӣ гардид.

Таъкид шуд, ки масоҳати парвариши сабзавот дар гармхонаи муосир 32 садяк замин пешбинӣ шуда, ҳосили он дар чор фасли сол пешниҳоди бозор мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаро саривақтӣ арзёбӣ карда, ба ташаббускорони он барору комёбӣ хостанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз боздид аз қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳавзи моҳипарварӣ таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба масъалаи истифодаи оқилонаи заминҳои корам, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, истифодаи тухмиҳои баландҳосил, зиёд намудани масоҳати боғҳо, васеъ истифода бурдани зарфиятҳои табиӣ ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ равона намуданд.

Боздид аз қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Шуғнон 27.06.2025

Июнь 27, 2025 07:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд