Раиси шаҳри Душанбе бо губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шенсии Чин мулоқот намуданд

Июнь 5, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 05.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷао Ган мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки бо талошҳои пайвастаи Сарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин, муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расонида шуд.

Байни ду давлат механизмҳои муассири ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ фаъолият доранд, ки самараи кори онҳо баръало назаррас мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба рушду таҳкими ҳамкории гуногунсамтаи Тоҷикистону Чин саҳмӣ созгори худро мегузорад.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Июнь 5, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад