Сардори Хадамоти алоқа бо фаъолияти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо фаъолияти Идораи марказии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шинос шуда, бо роҳбарон ва кормандони ин ширкат мулоқот намуд.
Зимни шиносоӣ Сардори Хадамоти алоқа бо коллективи ширкат суҳбат намуда, тарзу усулҳоеро, ки ба воситаи онҳо хадамоти мизоҷон ба оператор имкон медиҳад, ки давоми шабонарӯзӣ дар тамос бо муштариён бошад, мавриди омӯзиш қарор дод. Исфандиёри Саъдулло инчунин таҷҳизоти шуъбаи идоракунии фаврӣ-техникиро, ки барои фаъолияти шабака ҷавобгар буда, онро назорат мекунад, аз назар гузаронид.
Ҳамзамон Сардори Хадамоти алоқа нақшаҳои минбаъдаи рушдро бо роҳбарони ширкат мавриди муҳокима қарор дода, аз сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи самарабахши технологияи муосири инноватсионӣ, иқтисоди рақамӣ ва таъмини аҳолӣ бо алоқаи барқии баландсифат ёдовар шуд.
Иброз гардид, ки фаъолияти минбаъдаи муштарак дар самти ноилшавӣ ба мақсадҳои гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг карда шавад.
Зимни мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, махсусан сифату суръати интернет, ҷустуҷӯи ҳалли мушкилот дар доираи муроҷиати шаҳрвандон равона карда шуда, ҳамчунин як қатор масъалаҳои дигари марбута мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки вазифаи умумӣ – баландбардории сатҳи дастрасии хизматгузориҳои муосири рақамӣ барои ҳамаи сокинони кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин раванд саривақт бартараф намудани мушкилиҳое, ки дар минтақаҳо ба амал меоянд, ва баррасии шикоятҳои муштариён шартҳои муҳимтарин маҳсуб меёбанд. Масъулияти баланди ширкатҳои телекоммуникатсионӣ – калиди рушди иқтисодиёт, ҳамгироии иҷтимоии шаҳрвандони кишвар дар шароитҳои муосир мебошад.
“Ҳамоҳангсозии амалҳо барои ба даст овардани натиҷаҳое, ки саноати телекоммуникатсионии кишвар ҳадафи худ қарор додааст, хеле муҳим аст. Ҷиҳати махсусан илоҳомбахшанда он аст, ки Сардори Хадамоти алоқа шахсан бо кормандони ширкат шинос шуда, ба онҳо доир ба вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳа маълумот медиҳад. Мутмаинам, ки ин вохӯрӣ барои ноилшавӣ ба дастовардҳои нав дар самти рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон асоси мустаҳкам хоҳад шуд.
Дар навбати худ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” низ талош мекунад, ки мушкилоти баёншуда аз тарафи Хадамоти алоқаро бо масъулияти баланд ва дар муддати кӯтоҳ бартараф намуда, сатҳу сифати хизматрасонҳои алоқаи барқиро баланд мебардорад, — изҳор дошт директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






