Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоб оғоз бахшиданд

Июнь 26, 2025 12:15

ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рӯшон ва 2 кӯдакистони дигар дар ноҳияи Мурғоб оғози расмӣ бахшиданд.

Иншооти мазкур дар маркази ноҳия ва деҳаҳои Дерушон, Дерзуд ва Висав ҷойгир буда, ҳамаи онҳо дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд бунёд шудаанд.

Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои мазкур бо назардошти зиёд гардидани талабот, дар деҳаҳое бунёд гардидааст, ки воқеан мардуми ин минтақаҳо ба он эҳтиёҷ доштанд.

Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бобати ба зиннаи аввали таҳсилот фаро гирифтани кӯдакон рӯи даст гирифта шуда, ҳамаи иншооти соҳаи маориф бо назардошти талаботи замони муосир сохта шудааст.

Кӯдакистони деҳаи Дерушон аз ду ошёна иборат буда, барои 70 кӯдак дар 4 гурӯҳ пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии бино 708 метри мураббаъро ташкил дода, дар он барои гузаронидани машғулиятҳо тамоми имкониятҳо муҳайё гардидааст. Бояд гуфт, ки баъди ба истифода додани кӯдакистон наврасони ду деҳаи дурдасти ноҳияи Рӯшон-Вамд ва Дерушон ба таълими томактабӣ фаро гирифта мешаванд.

Кӯдакистони навбунёди деҳаи Дерзуд барои 60 кӯдак дар 3 гурӯҳ пешбинӣ шуда, тамоми синфхонаҳои дарсӣ бо лавозимот ва аёниятҳои соҳавӣ таъмин гардидааст. Дастрасӣ ба адабиёти бачагона ва дигар зарурияти таълим аз масъалаҳои дигар аст, ки пурра ҳал гардида, муассисаҳои навбунёд бо онҳо таъмин шудаанд. Ин муассиса барои кӯдакони деҳаҳои Дерзуд ва Барзуд пешбинӣ шуда, дар он 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии тозабунёд дар деҳаи Висав низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, дар он 50 кӯдак ба таълим фаро гирифта хоҳанд шуд.

Муассисаи таълимии томактабии Лола барои кӯдакон ва наврасон дар ҷамоати деҳоти Ғоҷо Бердибаеви ноҳияи Мурғоб ҷойгир буда, бо шароити наву замонавӣ бо маблағи умумии 452 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, барои 40 кӯдаки ин деҳаи дурдаст пешбинӣ гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаи мазкур зиёда аз 1600 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд ва акнун бе мушкилӣ фарзандони онҳо ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Сокинон бунёди ин муассисаро самараи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ арзёбӣ намуда, бо қаноатмандӣ миннатдории хешро ба Пешвои миллат изҳор доштанд.

Муассисаи таълимии томактабии Афсона бошад, барои 40 нафар кӯдакону наврасон дар деҳаи Саргумбези ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст. Ин муассисаи томактабӣ бо малағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ва саҳми сокинони маҳаллӣ бо маблағи умумии 460 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Тавре зикр гардид, бунёди чунин иншоот барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин ба тарбиятгирандагони ин муассисаҳо туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сару либос иборат буд, аз ҷониби намояндагони ҳукумати кишвар тақдим карда шуд.

Зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамшуда дар муассисаҳои томактабӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро намунаи ибрат хонданд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки саҳм гузоштан дар ободии диёр яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба шумор рафта, аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баландро талаб менамояд.

Қобили зикр аст, ки баъди ифтитоҳи 4 иншооти соҳаи маориф дар самти ҷалби кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ноҳияи Рӯшон, 230 ҷой барои фарогирии наврасон муҳайё гардида, наздики 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар ноҳия ҳамин гуна корҳои созандагӣ идома дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди боз якчанд муассисаҳои томактабӣ дар назар дошта шудааст.

Ифтитоҳи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоб 26.06.2025

Июнь 26, 2025 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар деҳоти Навбаҳори Мастчоҳ коргоҳи муосири истеҳсоли плита, симчӯбҳои бетонӣ ва коркарди шағал бунёд мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо истифодаи мақсадноки замин дар ҶДММ «Тоҷ Агро» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи истеҳсоли асфалту бетонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даромадгоҳи деҳоти Панҷоб ва роҳи мумфаршгардидаро мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи томактабиро ифтитоҳ намуданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ифтитоҳи бинои Раёсати молия оғоз ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан 100 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 31 иншоот ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 964 иншооти ҷашнӣ бунёд карда шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар гимназияҳои рақами 1 ва 4-и шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагӣ идома дорад